Click for latest discussions

Мавъизахои рухониён ва чавонони точик (бахши аввал)

Автор Firuz | в чамъият | August 19th, 2008
метки: нет меток

«Хар чое, ки агар нишастан мехохед, шумо бояд дар атрофи порсохо, дар атрофи авлиёхову дар атрофи дустони Худо ва олимхо чамъ шавед…»

Ба телефони яке аз дустонам занг мезанам ва ба чои занги телефон ана хамин пораи вазъи яке аз рухониёни точикро мешунавам. Вокеан имруз дар баробари мусикихои рангоранг аксар чавонон дар телефонхои худ порахои мавъизахо дар мавзуъхои мухталифро сабт кардаву гуш мекунанд. Хамчунин  шунидани мавъизахои рухониён имруз бештар дар дохили микроавтбусхо, ки бо садои баланд шунавонида мешавад ва ё дар бозори «Корвон», ки шунавандагони пайвастаи он точирони бозоранд, хеле зиёд мушохида мегардад. 
 
Барои бахрабардори аз мавъизахои динии рухониёни маъруфе ба мисли Хочи Мирзо, Эшони Нуриддин, Эшони Махмудчон, Эшони Аллома хар рузи чумъа аз хар кунчу канори шахр ва навохии атрофи он афроди зиёде вориди масочид мешаванд, ки аксари онхо чавононанд. Рухониён мегуянд, мавъизахои онхо ва мавзуъхое, ки дар ин мавъизахо ё амри маъруфхо матрах мегардад, барои чавонон хусусияти тарбияви дорад. Аммо дар мавриди мухтавои мавъизахо ва шеваи гуфтори рухониён худи чавонони назархои мухталиф доранд. (more…)

Мавъизахои рухониён ва чавонони точик (бахши дуюм)

Автор Firuz | в чамъият | August 19th, 2008
метки: нет меток

Зимнан бархе аз нашрияхои чопи Душанбе навиштаанд, ки ширкати рухониён дар кисмхои низоми ва шунавонидани мавъизахои дини ба сарбозон чихати аз байн бурдани худкуши ва дигар амалхои номатлубе, ки голибан, гуфта мешавад, дар кисмхои низоми сар мезанад, метавонад мусоидат кунад. 
 
Мусохибам Маъруф мегуяд, пас аз шунидани чунин мавъизахо бисёр иштибоххои худро дар зиндаги дарк кардаву акнун ичрои кору амалхои зиёдеро ба  худ ичоза намедодааст: «Ман хам каблан бисёр бачаи бадрафтор будам, як ду бор чунин мавъизахоро гуш кардам ва сахт таъсирам кард ва аз бисёр корхо даст кашидам. Ё барои мисол, як ду сол пеш бисёр чавонон оиладор мешуданд ва баъди як муддати кутох оилахои худро вайрон мекарданд, вале холо вазъ бехтар гаштааст ва дар ин хам, ба назари ман, таъсири мавъизахои рухониён хаст».
 
Пораи мавъиза: «Вактхое омадааст, ки бояд мову шумо дар талаби илм бошем, бояд мову шумо босавод бошем ва дар илмхои чи дуняви бошад, чи ухрави бошад, таваччухи зиёд дошта бошем. Агар харчи давлат хам дошта боши, илм, ки надошта боши, дар он холат шараф ва бузургии ту муайян намешавад. Хабиби Худо гуфтаанд, «шарафи одам, бузургии одам, эхтироми инсон факат дар илм ва одоб доштан аст».
  (more…)

Фазои олудаи Пекин ва бозихои олимпи

Автор Firuz | в варзиш, минтака | July 29th, 2008
метки: нет меток

Файненшл Таймс дар як гузориши хос, менависад, новобаста аз миллиардхо доллар маблаггузори чангу губор фазои Пекинро тарк намекунанд.  Як хафта баъди он ки бо супориши хукумат аз пойтахти Чин кариб 50 дарсади мошинхоро ба кавле гум карданд, мизони олудагии хавои Пекин хамоно дар сатхи баланд ва хатарзо боки мемонад. Сокинони пойтахти Чин чандин сол аст, ки аз чангу губор азият мекашанд ва яке аз сабабхои аслии он афзоиши шумораи мошинхо арзёби мешавад.

 Бисёре аз варзишкорон аз эхтимоли сар задани мушкили роххои нафас изхори нигарони карда, як гурухе аз онхо пешниход кардаанд, ки дар чараёни мусобикот аз никобхои мухофизати истифода баранд. (more…)

Радован Караджич боздошт шуд

Автор Firuz | в сиёсат | July 23rd, 2008
метки: нет меток

Радован Караджич рахбари сербхои босни, ки ба наслкуши муттахам мешавад касд дорад, аз додгохи олии Сербистон бихохад, то уро барои мухокима ба Додгохи Созмони Милал насупоранд. Дар ин бора як вакили Радован Караджич иттилоъ додааст. Пештар  аз ин додраси Сербистон амр дод, то ки Радован Караджич – рахбари сербхои босни ба Додгохи Байналмилалии Чиноятхои Чангии Гаага супурда шавад.

Радован Караджич шоми 21 июл дар шахри Белград боздошт шуд. Владимир Вуксевич – додситони Сербистон гуфт, дар боздошти муттахам ягон хадамоти хоричи даст надошт.

Боздошти Радован Караджич ба яке аз мавзухои аслии расонахои гарби табдил ёфта хар яке оид ба ин казия тахлилхои мухталифро пеш овардааст. (more…)

Узбакистон худуди 90% захоири оби минтакаро истифода мекардааст

Як маколаи чолиби рузномаи бритониёии Гордианро мутолиъа   кардам, ки доир ба мочарохои кишвархои Осиёи Маркази барои захирахои оби  буд.

Рузномаи Гордиан дар аввали макола масали узбакиро овардааст, ки хар катраи об дар таркибаш заррахои тилло дорад. Танхо чанд рудхона ахолии 60 миллион нафараи минтакаро бо об таъмин мекунад, ва аз ин ру об захоири бебахои заминхои Осиёи маркази махсуб меёбад, навиштааст муаллифи макола ва афзудааст, харчанд барои баррасии масоили фалокати бахри Арал санадхои хуб тахия шуданд, аммо дар онхо ба масъалаи хароб шудани мухити зисти рудхонахои Сир ва Аму таваччух кам равона шудааст.

Ин ду дарё, аз замони гасби Осиёи Маркази аз тарафи Мугулхо, обхезихое, ки корвонсаройхои Рохи Абрешимро ба коми сел фуру бурд  ва то замони колхозу савхозхои собик Иттиходи Шурави  маданияти  4000 соларо  аз сар гузаронидааст. (more…)

Огози робитахои дипломатии Эрон бо Амрико

Автор Firuz | в сиёсат | July 14th, 2008
метки: нет меток

Раиси чумхури Эрон Махмуди Ахмадинажод рузи якшанбе гуфт, ба ифтитохи дафтари хифзи манофеъи Амрико дар кишвараш ҳеҷ мухолифате надорад. Махмуди Ахмадинажод гуфт, Эрон аз хар икдоме, ки барои тавсиаи равобити миллатхо мусоидат менамоянд, истикбол мекунад. Матбуоти Амрико мохи июн гузориш дод, ки дар хукумати Амрико масъалаи таъсиси дафтари хофизи манофеъи ин кишвар дар Эронро барраси дорад. Эрону Амрико баъд аз Инкилоби Исломи дар соли 1980 равобити дипломатиро катъ карданд.

Дар Афгонистон нух сарбози Амрико кушта шуд

Автор Firuz | в сиёсат | July 14th, 2008
метки: нет меток

Дар як хамлаи чангчуён дар шарки Афгонистон нух сарбози амрикои кушта шудаанд. Ин хамла яке аз маргбортарин хамла ба нерухои Амрико тайи солхои ахир ба хисоб меравад. Як макоми Нерухои байналмилалии ба рахбарии НАТО дар Афгонистон гуфт, чангчуён бо истифода аз минамёт ва силлоххои дигари сабук ба мавкеъи нерухои Амрико дар рустои Ванати вилояти Кунар хаммарз бо Покистон хамла кардаанд. Як макоми дигари НАТО дар шахри Брюссел эълом кард, ки даххо чангчуи Толибон дар набарди якруза кушта шуданд. Харду манбаъ аз бурдани номашон ибо кардаанд, зеро доир ба марги сарбозони амрикои расман хабаре нашр нашудааст.

Номаи Эмомали Рахмон ба СБП

Автор Firuz | в иктисодиет | July 14th, 2008
метки: нет меток

Раиси чумхури Точикистон Эмомали Рахмон зимни номаи расми ба унвони мудири Сандуки Байналмилалии Пул аз казияи гузоштани иттилоъоти бардуруг дар ихтиёри ин созмон ибрози таассуф кардааст. Эмомали Рахмон дар ин нома гуфтааст, хукумати Точикистон омода аст, нуксхои сохторхои давлатиро, ки сабаби ин амр шудаанд, бартараф созад. Мохи феврали соли равон Сандуки Байналмилалии Пул эълом кард, ки хукумати Точикистон бар асоси иттилоъоти бардуруг аз ин созмони моли карз гирифтааст. Шурои мудирони Сандуки Байналмиллалии Пул он замон аз Точикистон хост, то такрибан 50 миллион доллари ин созмонро пеш аз мухлат баргардонад. Ин казия ба гуфтаи Сандуки Байналмилалии Пул эътимоди сармоягузорон ва кишвархои донор ба хукумати Точикистонро кохиш дод.

Муносибати ачиб бо дузд

Автор Firuz | в чиноят | July 9th, 2008
метки: нет меток

Ва дар поёни барнома як хабари чолиб. Як модари чопони дуздеро, ки ба уву кудаки шашмохааш бо корд тахдид ва пул талаб кардааст, бо як рохи осон ором намуда ва аз шарри начот ёфтааст. Ин зан рузи душанбе дар бинои истикоматиашон ба дузд дучор омадааст ва он дузд бо корд ба ин зани бечора тахдид карда ва аз у пул хостааст. Рузномаи Асахи чопи Чопон навиштааст, вакте ин зан исрор мекунад, ки пул надорад, дузд ба хонаи у медарояд ва зан ба у пиёлаи чой пешниход мекунад. Дузд бо нушидани чой ором шуда ва сари миз ба зан достони зиндагиашро накл мекунад. Дар нихоят зани чопони ба горатгар 100 доллар дода ва баъдан кормандони пулисро ба ёри даъват мекунад. Аммо онгуна ки дар филмхо аксар вакт мебинем, кормандони пулис то меоянд, ки дузди сергап гурехта меравад.

Салафия – эчоди тафрика?

Автор Firuz | в чамъият | July 9th, 2008
метки: нет меток

Шурои уламо ва додситонии Сугд салафияро як чараёни дар миёни мусалмонон чудоиандоз хондаанд.
 
Ахиран аз чониби ниходхои мазкур масъалаи пешгири аз тавсеъаи ин чараёни дини ба миён гузошта шуд. Хусейн Мусозода, раиси шурои уламои Сугд, гуфт, салафия дар таййи ду-се соли ахир дар Сугд пайравони зиёд пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай, салафия бо мазхаби ханафи, ки кисмати аъзами мардуми Точикистон аз он пайрави мекунанд, фаркхои акидави надорад. Вале, ба акидаи вай, чанд фарки зохири аз чониби пайравони ин равия дар адои намоз кофист, то миёни намозгузорон ихтилоф андозад:

 «Салафихо дар намоз «омин»-ро баланд мегуянд ва хамчунин баъзе фатвохое медиханд, ки ба мазхаби Имоми Аъзам тааллук надоранд. Тафрика аз он сар мезанад, ки пайравони салафия ба мусалмонони суннати мегуянд, намози шумо, ки 1400 сол инчониб «омин»-ро паст мегуфтед, кабул нашудааст».
  (more…)

Next Page »