Мавъизахои рухониён ва чавонони точик (бахши дуюм)
Зимнан бархе аз нашрияхои чопи Душанбе навиштаанд, ки ширкати рухониён дар кисмхои низоми ва шунавонидани мавъизахои дини ба сарбозон чихати аз байн бурдани худкуши ва дигар амалхои номатлубе, ки голибан, гуфта мешавад, дар кисмхои низоми сар мезанад, метавонад мусоидат кунад.
Мусохибам Маъруф мегуяд, пас аз шунидани чунин мавъизахо бисёр иштибоххои худро дар зиндаги дарк кардаву акнун ичрои кору амалхои зиёдеро ба худ ичоза намедодааст: «Ман хам каблан бисёр бачаи бадрафтор будам, як ду бор чунин мавъизахоро гуш кардам ва сахт таъсирам кард ва аз бисёр корхо даст кашидам. Ё барои мисол, як ду сол пеш бисёр чавонон оиладор мешуданд ва баъди як муддати кутох оилахои худро вайрон мекарданд, вале холо вазъ бехтар гаштааст ва дар ин хам, ба назари ман, таъсири мавъизахои рухониён хаст».
Пораи мавъиза: «Вактхое омадааст, ки бояд мову шумо дар талаби илм бошем, бояд мову шумо босавод бошем ва дар илмхои чи дуняви бошад, чи ухрави бошад, таваччухи зиёд дошта бошем. Агар харчи давлат хам дошта боши, илм, ки надошта боши, дар он холат шараф ва бузургии ту муайян намешавад. Хабиби Худо гуфтаанд, «шарафи одам, бузургии одам, эхтироми инсон факат дар илм ва одоб доштан аст».
Порае аз вазъи Хочи Мирзо, як рухонии маъруфи точик буд, ки аз зарурати илм сухбат карда, чавононро ба омузиши илм даъват мекард. Ва аммо, ба акидаи бархе аз мусохибонам, чунин даъватхо ва бо ин лахн дар мавъизахои рухониёни точик кам садо медиханд. Мусохибони чавонам Анис ва Парвина мегуянд, ки бештари рухониён дар мавъизахои худ ба тахкиру ихонати шахсият рох медиханд, ки ин наметавонад ба тарбияи чавонон муосидат кунад: «Чунин дискхоро ман аслан гуш намекунам, чун дар онхо ба вижа чавонон тахкир ва танкид мешаванд».
Вале Хумайро дар ин маврид шеваи мавъизахои Шайх Ренатро, мисол меорад, ки вактхои ахир дар Точикистон мавъизахои у бо забони руси зиёд шунида мешаванд. Ба гуфти Хумайро, ин рухониии тотор лахни гуфтори хеле орому таъсирбахш дорад ва мавзуъхои интихоб намудааш низ аз манфиат холи нестанд.
Ва дар хамин хол макомоти расмии Точикистон аз пахши бархе аз наворхои мазхабии рухониён чилавгири мекунанд.
Зарангез











