Чармгари дар Истаравшан
Усто Чурабой Расулов 80 сол дорад ва 60 соли умри худро ба чармгари бахшидааст. У дар шахри Истаравшан яке аз кухансолтарин чармгар аст, ки хамрохи фарзандону наберагонаш пешаи ачдодиашро идома медихад.
Ин хунармандон аз пусти чонварон бо истифодаи фановарии чадид бо усули махсусе, ки аз садсолахо то ба имруз расидааст чарм таёр мекунанд ва сифати он дар шароити имруз аз сарме, ки дар корхонахои махсуси истеъсоли бо тачхизоти муосири замонави тахия мешаванд, чандон фарк надорад. Ба гуфти усто Чурабой Расулов:
«Мо хама як намуди маводхои кимиёиро истифода мекунем. Танхо фарк дар он аст, ки кори мо дасти асту онхо тарики дастгоххои барки чармро тахия мекунанд. Аммо агар пусти нагз бошад чарми мо бехтар тахия мешавад».
Хунарманд мегуяд, кори чармгари хеле мураккабу миёншикан аст, зеро барои тахияи як пусти гов 10 руз ва мехнати 3 нафар лозим аст:
«Пустро мо аз кассоб мехарем ва дар об тар карда бо дастгохи махсус гушташро метарошем. Боз дар оби махсус 3 шабонаруз тар мекунем ва баъд муяш тоза мешавад. »
Хамитавр пустро як чанд руз дар обхои маводи кимиёи дошта тар мекунанду хар бор бо тегхои махсус то махину хамвор гаштанаш метарошанд ва баъд ранг мекунанд. Дар солхои кадим чармро бо решаи дарахти тут ранг мекардаанд.
«Баъд мо онро ранг мекунем. Номи рангаш нигразин, баъдан дар офтоб хушк мекунем ва барои нафису хамвор шуданаш боз коркард хохем кард.»
Вакте ки чарм тахия шуд он ба махсию музадуз ва дигар хаётон фурухта мешавад. Киммати чарм вобаста ба бахои пуст аст. Агар пусти гов 15 сомони бошад чарми он 55 - 60 сомони арзиш дорад.
«Ин касби халол аст ва ба он ягон зарра хароми нест. Пули халолу покиза, таёр мекунед хохед медихед, нахохад намегирад. Харидораш доимо хаст, гап дар таёр карданаш. То он рузе ки талабот хаст мо ин хунарамонро идома медихем.»
Ба гуфти амаки Чурабой бо ин хунар тамоми умр зиндаги кардааст ва у меафзояд, талаботи мардум дар хама солхо ба чармгари зиёд аст ва голибан чармгар бекор ва ё бе музд намемонад. Ин аст, ки у хунарашро ба фарзандону шогирдон меомузаду онхоро хамеша ба ростиву поквичдони хидоят мекунад.
Ин дар холест, ки феълан дар Истаравшан аз 100 оилаи чармгар танхо 10 оила боки мондааст, зеро дигарон бо машгул шудан ба тичорату сохибкори аз пешаи ачдодии худ даст кашидаанд.












on October 27th, 2007 at 3:34 pm
Агар чанд сурате дар ин гузориш илова кардан мумкин мешуд, он боз хам бехтар мегардид. Барои маълумоти чолиб ташаккур, Фируз!
Тагои ман хам касби чармгари доранд дар Истаравшан ва ман каме низ мушохида кардаам, ки чи кадар ин кори вазнин аст. Албатта хуб аст, ки ин шахсон пешаи ачдодии худро давом медиханд ва хунари чандинасраро нигох медоранд, вале аз тарафи дигар барои иктисоди кишвар бехтар мешуд агар гурухе аз онхо технологияхои замонави ворид карда, 2-3 корхонахои хурд ташкил намуда, чарми зиёди болосифат истехсол мекарданд ва ниёзи мардуми худамон ва берун аз онро низ таъмин мекарданд. Максад - истехсолот кор кунад ва инкишоф ёфта ба давлат аз фуруши махсулотхо аз хорича пул ворид намояд. Ин мухаррики пешрафти иктисодист ва рохи бехбудии зиндагии миллат аст.
Тансихату пируз бошед, дустон!
– Ботур Косими
on October 30th, 2007 at 8:39 am
shumo durust megued Botur. vokean shahri Istaravshanro man bo hunarhoi mardumi va hunarmandonash dust doshtam. ammo tibki mushohidai man onho sirri hunari khudro tanho ba paivandoni khud ifsho mekunand, ki yak sababi az bain raftani baze in hunarho gashtaast. oid ba tasisi korkhonahoi khurdi istehsoli, baze az hunarmandon meguftand, ki baroi tasisi korkhona imkoniyati khubi moli nadorand va hamchunin namekhohand bo ba kavle “sari bedardi khudro ba dard guzorand” yane az barkhurd bo nafaroni masul khuddori mekradand. ammo ba har surat fikr mekunam dar hole, ki aksari in hunarmandon peshai ajdodii khudro bo hadafi behbud eftani zindagi ba tijorat ivaz kardaand, ahsan ba onhoe, ki peshai khudro tark naguftaand. Zero idomai in hunar az trikh, farhang va madaniyati mardumi mo guvohi madihad.