Таърихи арча
Таърихи арчаи солинави, бино ба бархе маъхазхо, ба Мисри кадим, ба даврони хукмронии фиръавнхо мекашад. Аммо дар Мисри кадим дар рузхои чашну маросим одатан дарахтони зайтунро оро медодаанд.
Арчахои солинави нахуст дар Аврупо дар авоили асри 16 пайдо шуданд. Ибтидо арча ва ё санавбари солинавиро аврупоихо бо себу ширинихо ва шамъхои фурузон оро медоданд. Нахустин бор бозичахои солинавиро бар шохахои арча дар хамон асри 16 дар Саксония, вилояте дар каламрави Олмони кунуни овехтаанд.
Анъанаи тачлили соли нав дар зери дарахти арчаро ба Русия Пётри кабир дар охирин соли асри 17 овард ва бори нахуст иди солинавро тибки таквими масехи дар Русия бо карори подшох, соли 1700 чашн гирифтанд. Аммо ба сурати густарда ва бебозгашт тачлили соли нав дар зери арча дар Русия аз миёнахои асри 19 анъана шуд. Ба истиснои ду фосилаи кутох дар асри 20. Аввалан, дар солхои чанги якуми чахон, вакте Синоди калисои православии Русия арчаи солинавиро хамчун анъанаи олмони манъ кард. Ва баъдан дар солхои 20-ум, ки давлати вакти шурави арчаи соли навро аз чумлаи бокимондаи урфу одатхои дини ва чизи носозгор бо низоми атеисти ё худ бехудоии шурави эълон карда буд.
Вале дар арафаи соли 1936 арчаи солинави дар Шурави дубора эхё карда шуд, вале бо истиснои хама чузъиёти мазхабиии хоси ин арча.
Ачиб ин аст, ки Дед Мороз ва Снегурочка ё худ Бобои барфи ва Барфак, ки мардуми мо дигар соли навро бидуни хузури ин ду нафар тасаввур карда наметавонанд, дар каламрави Шурави дар соли 1937 ичозати амал пайдо кардаанд. Анъанаи ба хонахо даъват кардани Бобои барфиву Барфак вале аз солхои хафтодуми асри гузашта огоз шудааст.
Арчаи солинави дар маркази шахрхои бузурги дунё одатан аллакай як мох кабл аз Соли нав гузошта мешавад. Имсол арчаи асосии Русияро, ки 35 метр кад дорад, дар майдони Сурхи Маскав аллакай рузи 23 ноябр насб карданд. Аммо ин арча сунъи буда, хамон арчаест, ки соли гузашта дар майдони Собори Кремлин насб шуда буд. Бар иваз, ин бор ба Кремлин аз чангали Подмосковйе як арчаи зинда овардаанд.
Дар Порис, пойтахти Фаронса инак соли 27-ум аст, ки анъана шудааст, то дар арафаи Мавлуди Масех ва Соли нав хамаи 320 дарахти заранг дар дувуним километр тули сахрои Елисей – хиёбони марказии Порисро бо чарогхои солинави зиннат диханд. Ин бор ба хотири сарфаи нируи барк шахрдории Порис дарахтхои маркази шахрро бо чарогхое оро дода, ки нируи хеле ками барк масраф мекунанд. Интизор меравад, ки масрафи барк акнун 3 маротиба кохиш ёбад. Вале дар иваз шумори чарогхо дар сахрои Елисей 5 маротиба афзуда, ба як миллион адад расида ва ин миллион чароги солинавиро имсол хунарманди маъруфи фаронсави Ванесса Паради рушан кардааст.
Дар яке аз марказхои чавохирфурушии Токио, пойтахти Чопон мучассамаи тилоии Санта Клаус, муаннаси Бобои барфиро дар маърази тамошо гузоштаанд. Ин мучассама 20 кило вазн ва 41 сантиметр кад дошта, арзишаш 1 миллиону 750 000 доллар баровард шудааст.
Дар шахри Лима, пойтахти Перу, кишваре дар Амрикои Лотини арчаи солинавиро аз 3 000 навъи картошка дуруст кардаанд. Дар мачмуъ, барои сохтани ин ба истилох арчаи солинави 98 кило картошка сарф шудааст. Перу гуё мехохад бо ин икдом ин иддаоро, ки мегуянд, картошка махз аз хамин сарзамин бархостааст, собит кунад.
Ва аммо баландтарин арчаи солинави шояд арчаи 76-метриест, ки дар Порто, бузургтарин шахри бандариии Португалия гузоштаанд. Танхо барои ороиши ин арча 1 миллион чарогаки солинави истифода шудааст.
Ва аммо мегуянд, мухим ин нест, ки арчаи ки дар соли нав баландтар, чарогонтар ва ё киматтар аст? Мухимтар аз хама, хушиву хурсандии онхоест, ки дар атрофи ин арча гирди хам омадаанд ва соли навро истикбол мегиранд.
Соли нав муборак!
Мирзо











